Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

САҲА ба хонаводаи Павлюк вакил медиҳад


САҲА гуфт, ки хонаводаи хабарнигори кушташуда Геннадий Павлюкро бо як вакили мустақил таъмин хоҳад кард. Бахши қирғизии радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки чунин тасмим баъди муроҷиати ҳамсари Павлюк ва хонум Толекан Исмоилова, раиси созмони ҷамъиятии “Шаҳрвандон бар зидди фасод” гирифта шуд. Геннадий Павлюк рӯзи 22 декабр баъди шаш рӯзи аз як сохтмони баландошёнаи воқеъ дар Алмаато бо дасту пои баста ба замин сарозер шуданаш ба ҳалокат расид. Матбуоти Қазоқистон дар нақли қавл аз манобеи полис навиштааст, ки дар ин ҳодиса афсарони хадамоти махфии Қазоқистон даст дошта метавонанд. Вале полиси махфӣ эҳтимоли даст доштани ходимонашро дар куштори Павлюк рад кардааст. Павлюки рустабор муассиси нашрия ва вебсайти “Белий пароход” буда, бо нашрияи “Вечерний Бишкек” ва ҳафтаномаи русии “Аргументи и факти” ҳамкорӣ мекард.
XS
SM
MD
LG