Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаҳои газии Тоҷикистону Ӯзбакистон


Хабаргузории Авасто аз қавли мақомоти ширкати “Тоҷиктрансгаз” иттило медиҳад, ки Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ният дорад аз Ӯзбакистон дар ҳаҷми 90 милллион метри кубӣ газ харидорӣ кунад. 85 дар сади ин ҳаҷми газ барои пӯшиши эҳтиёҷоти корхонаҳои саноатӣ равона хоҳад шуд. Тибқи қарордоди дар охири соли гузашта ҳосилшуда, қимати газ аз пасту баландшавии нархи он дар бозори ҷаҳон вобаста хоҳад буд. Ҳоло қимати гази табиие, ки Тоҷикистон аз ҳамсояаш харидорӣ мекунад, барои ҳар ҳазор метри кубӣ 220 долларо ташкил медиҳад. Куллан дар соли ҷорӣ Ӯзбакистон ба Тоҷикистон 250 миллион метри кубӣ газ содир хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG