Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон аз роҳи оҳани Тоҷикистон даст мекашад


Роҳи оҳан дар шимоли Тоҷикистон водиҳои Узбакистонро бо вилояти Фарғонаи ин кишвар мепайвандад

Роҳи оҳан дар шимоли Тоҷикистон водиҳои Узбакистонро бо вилояти Фарғонаи ин кишвар мепайвандад

Ҳукумати Узбакистон тасмим гирифтааст, ки барои ҳамлу нақли молҳои мавриди ниёзи сокинонаш дар водии Фарғона аз роҳи оҳани Тоҷикистон дигар истифода накунад.

Гуфта мешавад, ин тасмим дар пайи як амри Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Узбакистон, дар охири моҳи декабри соли гузашта гирифта шудааст.

Владимир Собкалов, муовини раиси ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон, дар як тамоси телефонӣ гуфт, онҳо то кунун дар бораи чунин як амре иттилоъ надоранд. Вале гуфт ӯ, ҷонибдори он ҳастанд, ки бо қиммати арзонтаре хадамоти “Роҳи оҳан”-и худро дар ихтиёри Узбакистон бигузоранд.

Роҳҳои мошингард ва ҳавоӣ мисли роҳи оҳан арзону муфид нахоҳанд буд. Аз ин рӯ эҳтимолан ин амри Ислом Каримов танҳо як чархиши сиёсатҳои бузурги Узбакистон асту халос ...
Оқои Собкалов афзуд, “ҳар чӣ қадаре, ки онҳо бештар аз роҳи оҳани мо истифода кунанд, ба манфиати мост. Ҳатто ба онҳо ишора мекунем, ки агар ҳаҷми боркашонӣ аз қисмати шимолии Тоҷикистонро афзоиш диҳанд, мо низ ба онҳо имтиёзҳо хоҳем дод. Баръакс, мо талош дорем, ки боркашонӣ тариқи “Роҳи Оҳан”-и Тоҷикистон ба водиҳои наздик ба кишварамонро афзоиш диҳем”.

Ҳоло тибқи тарҳи нави Узбакистон, таъсиси маркази икмолотие дар шаҳри Ангрен, воқеъ дар гарданаи Қамчик, ки водиҳои Узбакистонро бо Фарғона мепайвандад, пешбинӣ шудааст. Ва тибқи ин тарҳи нав он борҳое, ки барои Андиҷону Намангон фиристода хоҳанд шуд, аз тариқи мошинҳои борбар интиқол меёбанд.

Аммо Владимир Собкалов, муовини раиси ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон мегӯяд, роҳҳои мошингард ва ҳавоӣ мисли роҳи оҳан арзону муфид нахоҳанд буд. Аз ин рӯ, ба бовари ӯ, эҳтимолан ин амри Ислом Каримов танҳо як чархиши сиёсатҳои бузурги Узбакистон асту халос.

Ин нуктаро Раҳматилло Зоиров, раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон, ҳам сарфи назар намекунад. Вай мегӯяд, ин талоши дигари Узбакистон аст, ки мехоҳад вобастагиҳояш аз Тоҷикистонро коҳиш дода ва дар минбаъда вобастагиҳои Тоҷикистон аз Узбакистонро ҳамчун фишанг истифода кунад.

Баъд аз суқути Шӯравии пешин масъалаи роҳҳо, убури роҳҳои оҳан аз қаламрави ҳамсоякишварҳо бино ба набуди роҳҳои мустақими пайванд додани манотиқи дохилии кишвар аз муҳимтарин мушкилот будааст, ки Тоҷикистон ҳам аз он истисно нест.

Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, аз тасмими Узбакистон нигарон нест
Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, аз ин ки Узбакистон намехоҳад аз роҳҳои оҳани Тоҷикистон барои ҳамлу нақли молу коло истифода кунад, нигарон нест. Вале мегӯяд ӯ, мабод он рӯз, ки Узбакистон монеи истифода аз роҳҳои оҳанаш барои Тоҷикистон шавад.

Ин дар ҳолест, ки роҳҳои оҳани Тоҷикистон ба шимоли кишвар ва мамолики хориҷӣ танҳо аз тариқи Узбакистон ва Туркманистон мегузарад. Масъулони роҳи оҳан ва мусофирони тоҷик ҳамвора аз мушкилот ва монеаҳое, ки дар ҷараёни убуру мурур аз ин роҳҳо рӯ мезананд, шиква мекунанд.

Аммо тӯли се соли ахир аст, ки бо нигаронӣ аз мушкили мусофирони тоҷик ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, барои бунёди роҳҳои оҳани алтернатив талошҳое ба харҷ медиҳанд. Ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон мегӯяд, чанд тарҳи сохтмони роҳҳои нави оҳанро рӯи даст дорад, вале иҷрои ин барномаҳо сармоягузориҳои бузургеро тақозо мекунанд, ки ин ширкат дар ихтиёр надоштааст.

Аз ҷумла, як тарҳи бузурги роҳи оҳани Турсунзода–Хуҷанд, ки тибқи ин тарҳ бештар аз 250 километр тӯл дошта, аз 40 пул хоҳад гузашт. Барои иҷрои ин барнома, ки қарор аст, бидуни убур аз қаламрави Узбакистон сохта шавад, кандани тақрибан 50 километр нақб зарур будааст. Роҳи дигар Кофарниҳон-Ёвон аст, ки сохтмони он ахиран шурӯъ шуд ва ин роҳ Душанберо бо манотиқи ҷанубии Тоҷикистон хоҳад пайваст.

Аз сӯйи дигар, соҳибназарон мегӯянд дар сурати бунёди роҳи оҳани Душанбе-Мазори Шариф-Ҳирот-Машҳад, Тоҷикистон метавонад аз бунбасти иртибототӣ раҳо шуда ва аз тариқи Афғонистону Эрон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна роҳ ёбад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG