Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархӯрди аҳзоби ғайрирасмӣ ба интихобот


Сӯҳбати мизи гирди намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар дафтари Радиои Озодӣ. Акс аз хазина

Сӯҳбати мизи гирди намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар дафтари Радиои Озодӣ. Акс аз хазина

Ҳизбҳои сабтиномнашуда ва ҷиноҳҳои ду ҳизби азҳампошидаи сотсиалист ва демократи Тоҷикистон дар баробари интихоботи парлумонии кишвар мавқеъ ва бархӯрди мухталиф доранд.

Ҳикматулло Сайидов, раиси ҳизби ғайрирасмии «Ваҳдат», ки талошҳои ҳафтсолааш барои сабти ном дар Вазорати адлияи кишвар бенатиҷа анҷомидааст, дар як сӯҳбат ба хабарнигорон гуфтааст, ки дар интихоботи парлумонӣ аз Ҳизби халқӣ-демократӣ ва номзадҳои пешниҳодии ин ҳизб ҷонибдорӣ хоҳад кард.

Ба қавли Оқои Сайидов, созмони сиёсие, ки ӯ дар талоши сабти номи он аст, марказгарост ва ба ин далел бо дидгоҳҳои ҳизби ҳоким наздикии бештар дорад.

Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, мегӯяд, ҳизбаш аз ширкат дар интихобот даст мекашад
Аммо ба фарқ аз ин ҳизби сабтиномнашуда, ҷиноҳҳои аҳзоби демократ ва сосиалисти Тоҷикистон дар баробари интихоботи парлумонии кишвар мавқеи мухолифатро касб кардаанд.

Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, гуфт, онҳо ба ин далел, ки ҳукумат танҳо ба хотири дар мавқеи мухолифат қарор гирифтани ин ҳизб гурӯҳи дигареро ба унвони намоянда ба расмият бишинохт ва ҳамчунин ба сабаби он, ки қавонини интихоботии кишвар шароити ширкати муносиб барои аҳзобро намедиҳад, аз ширкат дар интихобот даст мекашанд.

Вале Мирҳусейн Нарзиев, раиси радди салоҳиятшудаи Ҳизби сосиалисти Тоҷикистон, аз ҷонибдорон ва аъзои худ даъват мекунад, ки ин интихоботро таҳрим карда ва ба гурӯҳе, ки аз номи ин ҳизб дар интихобот ширкат мекунад, овоз надиҳанд.

Дар ҳамин ҳол масъулони баъзе аз ҳизбҳои расмии Тоҷикистон изҳори омодагӣ карданд, ки дар сурати муроҷиати ин созмонҳои ғайрирасмӣ омодаанд, номзадҳои онҳоро барои ширкат дар интихобот муаррифӣ кунанд.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ, гуфтааст, дар доираи қоидаҳои ҷорӣ имкони ҳамкорӣ бо аҳзоби ғайрирасмӣ вуҷуд дорад
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ, гуфт, ки дар доираи қоидаҳои ҷорӣ имкони ҳамкорӣ бо ин ҷиноҳҳо вуҷуд дорад.

Аммо аҳзоби ғайрирасмӣ ва ҷиноҳҳои аҳзоби тақсимшуда дар ҳоле аз интихобот ва мавзеъгириҳои худ ба ин маърака сӯҳбат мекунанд, ки ба гуфтаи коршиносон, ҷойгоҳ ва мақоми худро дар ҷомеаи кишвар аз даст додаанд. Ба гуфтаи ин коршиносон, на танҳо ҷиноҳҳои радди салоҳиятшуда , балки он гурӯҳҳое ҳам, ки ба намояндагӣ аз ин созмонҳо вориди корзори интихоботӣ хоҳанд шуд, баъид аст, ки ба дастоварде ноил шаванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки имконият ва ҳаққи ширкати ҷиноҳ ва аҳзоби ғайрасмӣ дар интихоботҳоро қонунгузории Тоҷикистон манъ кардааст. Ва ба таъйиди масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, танҳо аҳзоби сиёсии расман сабтиномшуда, ки ҳоло шумори онҳо дар кишвар ҳашто аст, ҳақ доранд, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат варзанд.
XS
SM
MD
LG