Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси телевизиони нави русӣ дар Гурҷистон


Хабарнигори радиои Озодӣ дар Гурҷистон мегӯяд, ки дар ин кишвар шабакаи нави “Телевизионии аввалини қафқозӣ” ба забони русӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Ин телевизион бо ташаббуси раиси ҷумҳурӣ Михаил Саакашвилӣ ба фаъолият шурӯъ карда аз ҳисоби буҷаи давлати Гурҷистон роҳандозӣ мешавад. Барои фаъолияти ин телевизион се миллион доллар ихтисос дода шудааст. Дар миёни муҷриҳои ин телевизион исмҳои шинохташудаи мисли ҳамсари раиси ҷумҳурии собиқи Чеченистон Ҷавҳар Дудаев – Алла Дудаева ва раиси маркази журнализми изтирорӣ Олег Панфилов ном бурда мешаванд. Дар сӯҳбат бо бахши русии радиои Озодӣ Панфилов гуфт: "Яке аз ҳадафҳои ин телевизион шинос кардани мардуми бурунмарзӣ бо сокинони Гурҷистон аст. Мутаассифона, бо иллати таблиғоти русӣ бисёриҳо дар хориҷа Гурҷистонро чун як кишвари душман арзёбӣ мекунанд, аммо ман мехостам, ки симои воқеии Гурҷистонро намоиш диҳам». Олег Панфилов шаҳрвандии Гурҷистонро қабул кардааст. Баъзе намояндаҳои мухолифин дар ин кишвар таъсиси ин шабакаи телевизиониро аз ҷониби давлати Гурҷистон чун як амали таҳрикомезе барои пуршиддат кардани равобити бе ин ҳам пуртаниши миёни Маскаву Тифлис танқид кардаанд.
XS
SM
MD
LG