Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳаввулоти ахири интихоботи Украина


Номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Украина аз ширкат дар мубоҳисаҳои телевизионӣ даст кашиданд. Бахши украинии радиои Озодӣ мегӯяд, ки аз 18 довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ панҷ нафарашон, аз ҷумла номзадҳои пешсаф Виктор Янукович ва нахуствазир Юлия Тимошенко гуфтаанд, ки бо номзадҳои камошное, ки бояд тибқи навбат бо онҳо дар телевизион ҳозир шаванд, рақобат нахоҳанд кард. Раиси ҷумҳурии амалкунанда ва номзади дигари интихоботӣ Виктор Юшенко ҳам аз ширкат дар ин мубоҳисаҳо даст кашид. Рӯзи душанбе нахустин даври баҳсҳои рақибони интихоботӣ бо мулоқоти рӯбарӯи ду номзад – вазири пешини муҳити зист Юрий Костенко ва муовини нахуствазир Серҳей Тиҳипко баргузор шуд. Дар сурати аз музоҳираи телевизионӣ даст кашидани номзад рақиби ӯ ҳақ дорад 30 дақиқа бештар тавассути телевизион барномаҳои интихоботии худро таблиғ кунад. Интихоботи раёсатҷумҳурии Украина рӯзи 17 январ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG