Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таътили парлумони Афғонистон бекор шуд


Имрӯз қарор буд парлумони Афғонистон ба таътили 45-рӯзаи зимистона фиристода мешуд, вале бо сабаби таъхир дар таъйини аъзои кабинаи нави ҳукумати Ҳомиди Карзай фаъолияташро идома хоҳад дод. Баъди он ки парлумон аз 24 номзади аъзои нави ҳукумати кишвар номзадии 17 нафарро напазируфт, рӯзи душанбе президент ба парлумон амр дод, ки мӯҳлати таътилро ба таъхир андозад. Маҷлис бо далелҳои мухталиф, аз ҷумла равобити наздики баъзе номзадҳо бо ҳукумат, гузаштаи ҷангсолорӣ ва ё ғайриҳирфаӣ доштани онҳо номзадии ин афродро напазируфт. Дар амри Карзай ба банди 107-уми Қонуни асосии ин кишвар ишора мешавад, ки дар ҳолатҳои вижа президент ҳақ дорад маҷлиси фавқулоддаро даъват кунад. Дар изҳороти ӯ гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои наздик номзадҳои нав ба узвияти ҳукумат пешниҳод хоҳанд шуд. Дар сурати нокомии Карзай барои ташкили ҳукумати нав дар ҳафтаҳои наздик эҳтимолан ӯ маҷбур мешавад, ки дар конфронси Лондон оид ба масоили Афғонистон бо дасти холӣ сафар кунад.
XS
SM
MD
LG