Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод вориди Туркманистон шуд


Имрӯз зимни боздид аз Туркманистон раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бояд дар маросими шурӯи кори лӯлаи интиқолдиҳандаи газ миёни ин ду кишвар иштирок кунад. Лӯлаи нав майдони гази Давлатободи Туркманистонро бо минтақаи Сарахси Эрон пайваст мекунад. Мақомот мегӯянд, ки лӯлаи мазкур тавони соле интиқол додани шаш миллирд метри кубӣ газро ба Эрон хоҳад дошт. Фаъолияти лӯлаи нави газ дар ҳоле ба роҳ монда мешавад, ки соли 1997 нахустин чунин лӯлае миёни Кӯрпаии Туркманистон ва Курдкӯйи шимоли Эрон бунёд шуда буд. Қарор аст дар ҷараёни сафари дурӯзааш ба Ашқобод Маҳмуди Аҳмадинажод бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дидору мулоқоте анҷом диҳад. Раиси ҷумҳурии Эрон баъди боздид бо мақомоти Тоҷикистон, ки дар ҷараёни он шаш санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ба Ашқобод парвоз кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG