Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷосуси дутарафа фош шуд


Матбуоти амрикоӣ мегӯяд маргталабе, ки ҳафт корманди Оҷонсии марказии истихборот ва як афсари хадамоти кашфи Урдунро дар Афғонистон куштааст, ҷосуси дутарафае аз Урдун будааст. NBC News дар нақли қавл аз мақомоти кашфи ғарбӣ хабар медиҳад, нафаре, ки бо исми Ҳумом Халил Абу Мулол Ал-Балавӣ шинохта шудааст, як духтури 36-солаи урдунӣ аз шаҳри Зарқо будааст. Гузоришҳо ҳокист, ки ӯ як тарафдори Ал-Қоида буда, вале баъдан боздошт ва тавассути хадамоти кашфи Урдун барои ҳамкорӣ ҷалб мешавад. Яке аз супоришҳои аслии ӯ ворид шудан ба сафи Ал-Қоида ва мушаххас кардани маҳалли буду боши нафари дуюм дар ин шабакаи террористӣ Аймон Аз-Завоҳирӣ будааст. Тибқи гузоришҳо, мақомоти Урдун мутмаин буданд, ки ин мард ба ҷониби урдуниҳову амрикоиҳо гузаштааст, вале дар ниҳоят маълум шудааст, ки вай ҳеҷ гоҳ узвияти ин созмони террористиро тарк накарда буд.
XS
SM
MD
LG