Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Амрико дар Яман дубора боз шуд


Баъди ду рӯзи таҳдиди намояндагии Ал-Қоида ва ду рӯзи басташавии муваққат сафорати ИМА фаъолияти худро дар Яман аз сар гирифт. Сафорат дар сайти интернетиаш мегӯяд, ки нирӯҳои амниятии Яман рӯзи душанбе амалиёти муваффақиятомези зиддитеррористиро дар қисмати шимолии пойтахт шаҳри Санъо анҷом доданд ва ин боиси дубора боз шудани дари сафоратхона гардид. Бар тибқи хабарҳои дигар субҳи имрӯз нирӯҳои амниятии Яман бо ҷангиёни Ал-Қоида вориди даргирӣ шуда гуфтанд, ки ду масъули таҳдидҳо болои сафорати Амрикоро нобуд кардаанд. Дипломатҳо гуфтанд, ки сафоратҳои Бритониёву Фаронса ҳамчунин имрӯз фаъолияти худро аз сар гирифтаанд, ҳарчанд дафтарҳои консулгарии онҳо ҳамоно баста боқӣ мемонанд. Ал-Қоидаи Яман масъулияти кӯшиши эҳтимолии таркиши ҳавопаймои амрикоиро дар Детройт ба дӯши худ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG