Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобути Муҳаммадраҳими Сайдарро ба Ватанаш оварданд


Ҷанозаи Муҳаммадраҳими Сайдар, нависандаи тоҷик ва хабарнигори радиои Озодӣ дар Маскав субҳи имрӯз ба Душанбе интиқол шуд.

Муҳаммадраҳими Сайдар, ки чанд соли охир аз диабети қанд ранҷ мекашид, рӯзи 3-юми январ дар бемористоне дар шаҳри Тула аз дунё гузашт.

Дар фурудгоҳи Душанбе ҷамъи зиёди фарҳангиён ва нависандагону рӯзноманигорони тоҷик, ҳамкорони Муҳаммадраҳими Сайдар дар радиои Озодӣ, маҷаллаи «Садои Шарқ» ва Иттиҳоди нависандагон, масъулини Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва расонаҳои Душанбе тобути ӯро истиқбол карданд.

Ҷанозаи Муҳаммадраҳими Сайдар, қарор аст, имрӯз дар зодгоҳаш, деҳаи Шаҳринави ноҳияи Ғарм, ба хок супурда шавад.

Муҳаммадраҳими Сайдар дар ҷомеаи Тоҷикистон ба унвони як нависандаи соҳибзавқ ва боистеъдод эътироф шудааст. Дар ҳар навиштаи ӯ истеъдоди нодираш дурахшидааст ва ӯ тавонистааст, бо аввалин достонҳояш мавриди баррасии танқиди адабии Тоҷикистон қарор бигирад ва ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шавад.

Ҳамчунин бихонед: Тобути сангини адиб ва рӯзноманигори мусофир


Бемории Муҳаммадраҳим аз замони ҷанги солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон сарчашма мегирад, зеро шахси бениҳоят ҳассос ва одил буд. Вай дар таҳия ва таҳрири китоби машҳури Бӯрӣ Карим "Фарёди солҳо" саҳм гирифтааст ва ҳақиқати он ҷангро ба хубӣ медонисту ин ҳақиқатро аз миёни дилу ҷонаш гузарондааст.

Муҳаммадраҳим дар соли 2001 ба Радиои Озодӣ омад ва таҷрибаи ғановатманди худро аз давраи кораш дар Радиои Тоҷикистон, шӯъбаи насри маҷаллаи "Садои Шарқ" ва ҳафтаномаи "Паём"-и чопи Маскав бо худ овард. Вай дар ҳоле ҳамчун хабарнигори Радиои Озодӣ дар Русия ба кор сар кард, ки дар ҷараёни таҳия ва нашри ҳафтаномаи тоҷикии "Паём" дар Маскав бо доираҳои васеи тоҷикони Русия ва мақомоти марбутаи Русия ошноӣ пайдо карда буд ва аз аҳволи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар огоҳии дасти аввал дошт.
XS
SM
MD
LG