Пайвандҳои дастрасӣ

То интихоботи раёсатҷумҳурии Украина камтар аз ду ҳафта мондааст: ин рӯзҳо мардуми оддӣ бештар рӯҳияи идона дошта соли наву Милоди Масеҳро пешвоз мегиранд, вале ба фарқ аз онҳо, маҳфилҳои сиёсӣ хеле доғу гарм буда дар манотиқи мухталифи кишвар номзадҳои интихоботӣ барои ҷалби таваҷҷӯҳи тарафдорон мулоқоту мубоҳисаҳо доир мекунанд.

Пурсишҳои афкори умум ҳокист, ки дар интихобот рақобати аслӣ дар миёни раҳбари мухолифин Виктор Янукович аз ҳизби “Минтақаҳо” ва нахуствазир Юлия Тимошенко сурат мегирад. Мизони маҳбубияти раисҷумҳури амалкунанда Виктор Юшенко хеле поин буда аз назари таҳлилгарон, ӯ муддатҳост дар сафи поини рақибони интихоботӣ арзёбӣ намешавад. Дар маҷмӯъ, барои дастёбӣ ба курсии президентӣ имсол 18 номзад мубориза мебаранд ва дар миёни онҳо чеҳраҳои нави сиёсӣ ҳам ном бурда мешаванд, ки то рафт шумори тарафдоронашон бештар мешавад.

Серҳей Тиҳипко, раиси пешини Бонки миллии Украина яке аз онҳост. Нафари дигар ва ё як чеҳраи пурасрори интихоботи имсолаи президентии Украина шахсест, ки се ҳафта пеш аз интихобот исми падарӣ ё фамилияашро дигар карда, худро чун ҷаноби “Противсих”, яъне мухолифи ҳама муаррифӣ кард. Дар ҳоле, ки роҷеъ ба ҳуввияти ӯ иттилоъ хеле кам аст, аммо аз рӯи саҳмгузориҳояш дар барномаҳои интихоботӣ бармеояд, ки як шахсияти сарватманд аст.

Дар Украина марҳилаи баргузории музоҳираҳои интихоботӣ шурӯъ шуд, вале тавре Инна Кузнетсова, раиси дафтари радиои Озодӣ дар шаҳри Киев мегӯяд, номзадҳои аслӣ аз ширкат дар ин баҳсҳо даст кашидаанд. Тамоюли нав ин аст, ки сиёсатмадорон бештар талош доранд дар шоу ё барномаҳои телевизионӣ иштирок карда на ба ҳамлаҳои рақибон, балки ба пурсишҳои хабарнигорон посух гӯянд. Инна Кузнетсова дар бораи натиҷаҳои яке аз пурсишҳои ахири афкори умум гуфт:

“Дар миёни мардум ҳамоно шумори нафароне, ки ҳанӯз интихоби худро мушаххас накардаанд, хеле зиёд аст: тақрибан 30 дар сади раъйдиҳандагон. Вале ахиран ҳамингуна як хабаре мечархад, ки мегӯяд ба эҳтимоли ғолиб аксари ин нафарон дубора ба пуштибонии Юшенко овоз хоҳанд дод”.

Хабарнигори Озодӣ афзуд, ки як вижагии ин маъракаи интихоботӣ ин аст, ки аксар номзадҳо бо ваъдаву барномаҳои мушобеҳи
мубориза бо фасод ва беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии мардум талош доранд таваҷҷӯҳи раъйдиҳандагонро ба худ ҷалб кунанд. Тафовут дар шиорҳои онҳо андак аст. Ба ин андеша таҳлилгари украинӣ Олексий Гранян ҳам мувофиқ аст. Вай мегӯяд, ба фарқ аз интихоботи гузаштаи соли 2004, ки боиси сар задани инқилоби норанҷӣ шуд, ҳоло тафовут ё фарқияти миёни номзадҳои аслии интихоботӣ чандон бузург ва барҷаста нест. Вай мегӯяд:

“Он замон муқовимати миёни нирӯҳои демократӣ ва Янукович, ки режими кӯҳнаро намояндагӣ мекард, хеле барҷаста намоён буд. Ҳоло бошад, тафовут зиёд ба чашм намехӯрад. Тарафдорони Тимошенко онҳое ҳастанд, ки бештар рӯ ба Ғарбу марказ ниҳода аз худ чун “интихобкунанадаҳои Аврупо” ёд мекунанд. Янукович ҳарчанд нишон медиҳад, ки муттакояш Русия аст, вале айни замон дуруст нест, ки ӯро чун як номзади комилан рӯ ба Русия арзёбӣ кунанд”.

Саҳнаи сиёсии Украина баъди инқилоби таърихии норанҷиаш якмаром набудааст: нирӯҳои замоне ташаббускори тағйироти бунёдӣ аз ҳам пош хӯрда ихтилофу рақобати раҳбарони инқилоб – Виктор Юшенкову Юлия Тимошенко то имрӯз хеле сахту пурчолиш боқӣ мондааст. Нафарони зиёд, ки тарафдори тағйироти билофосила буданд, инқилобро беҳосилу бенатиҷа мегӯянд, дар ҳоле, ки аз назари рӯшанфикрон дастоварди аслии рӯйдодҳои панҷ соли пеш таъмини озодиҳои фаровон ва рақобати нирӯҳои мухталифи сиёсӣ мебошад.

Олексий Гранян мегӯяд, ки ҳоло раиси ҷумҳурӣ ва раҳбари нирӯҳои норанҷӣ Виктор Юшенкоро бисёриҳо барои нотамом мондани ислоҳоти ваъдагии инқилобӣ дар бахши иқтисодиёту низоми додгустарӣ сарзаниш мекунанд, ки боиси афсурдагии бахши зиёди мардум шудааст. Вале айни замон, маҳз дар замони раҳбарии ӯ ин ҷумҳурии шӯравии пешин тавонист, ки суръати ҳамкориҳо бо паймони низомии НАТО ва омодагиҳо ба узвияти Иттиҳодияи Аврупоро вусъат бубахшад. Оқои Гранян мегӯяд, ки интихоботи навбатии президентӣ иштибоҳҳои гузаштаро такрор нахоҳад кард:

“Шояд ҳам баҳсе атрофи баршумурии овозҳо пеш ояд. Ҳоло назар ба соли 2004 ҳарду тараф барои дастёбӣ ба як созише шароити беҳтар доранд. Интихоботи он сол бозиеро мемонд, ки аз сифр шурӯъ шуда буд. Вале рӯйдодҳои баъди он нишон медиҳад, ки элитаи Украина омода аст созиш ва гузашт кунад. Ҳоло боз масъалаи дигар ин аст, ки оё интихоботи пеш аз вақти парлумонӣ баргузор мешавад ё на, ин ҷо ҳанӯз интрига боқӣ мемонад”.

Ин таҳлилгар гуфт, ки дар сурати моҳи май баргузор шудани интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ бесуботии сиёсии кишвар идома хоҳад кард.

Ҳоло мусаллам аст, ки аз раҳбари ояндаи Украина дар дохил ва хориҷи ин кишвар масъулияти зиёд тақозо мешавад: ҷомеа солҳост
интизори анҷоми ислоҳоти бунёдии маъмурӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ буда, дар арсаи байналмилалӣ беҳбудёбии равобит бо Русия яке аз интизороти аслӣ гуфта мешавад. Сиёсатшинос Кост Бондаренко мегӯяд, ки бо вуҷуди баланд будани мизони афсурдагиву ноумедии мардум аз сиёсату раҳбарони кишвар, аммо боз ҳам тибқи пурсишҳо, аз ҳар даҳ нафар ҳафт кас гуфтаанд, ки омода ҳастанд рӯзи 17 январ дар интихобот иштирок кунанд. Роҷеъ ба мавқеи Ғарбу Русия, ки дар интихоботи гузашта дар сангарҳои муқобил қарор гирифта буданд, ӯ гуфт:

“Имрӯз ҳам Ғарбу ҳам Русия аз сиёсати Украина ноумед шудаанд. Онҳо ин навбат дар мавқеи нозирон қарор гирифтаанд ва ин нахустин интихобот аст, ки на Ғарб ва на Русия аз ҳеҷ як номзад пуштибонӣ намекунанд ва барои онҳо ҳама номзадҳо гӯё мувофиқ ҳастанд”.

Тибқи пешгӯиҳои ҳолдонон, интихоботи раёсатҷумҳурии Украина танҳо дар даври аввал анҷом нахоҳад шуд ва рақобати номзадҳо дар даври дуюм ҳам идома хоҳад ёфт. Ба эҳтимоли ғолиб, муборизаи ниҳоӣ ва ҳалкунанда миёни пешсафҳо – Янукович ва Тимошенко сурат мегирад, ки дар баробари чеҳраҳои баҳсбарангез буданашон боз аз худ ба ҳайси иқтисоддонҳои хуби қодир ба муқовимат дар шароити бӯҳронӣ дарак додаанд.
XS
SM
MD
LG