Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмуд Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон, имрӯз боздиди худ аз Тоҷикистонро ба поин мебарад ва ба Ишқобод, пойтахти Туркманистон, меравад.

Дар ҷараёни ин боздид Аҳмадинажод дар маросими гушоиши дувумин лулаи гази миёни Туркманистон ва Эрон ширкат хоҳад кард. Ин лулаи нави газ чоҳи Давлатободи Туркманистонро бо минтақаи Сарахси Эрон васл мекунад. Коршиносон мегӯянд, ин лулаи газ метавонад соле ба Эрон то 6 миллиард метри мукааб газ интиқол диҳад. Лулаи аввали гази Туркманистон ба Эрон соли 1997 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Дар байни камтар аз як моҳи ахир раисҷумҳури Эрон саввумин сарвари кишвари абарқудратест, ки ба Ишқобод меояд ва лулаи газ ифтитоҳ мекунад. Қабл аз ӯ, дар охири моҳи декабр Дмитрий Медведев, президенти Русия, меҳмони Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов шуда буд ва бо имзои қарордоди наве ба баҳси 9-моҳаи ду кишвар нуқта гузошта, интиқоли гази туркманиро ба Русия аз сар гирифта буд.

Боздиди Дмитрий Медведев аз Туркманистон баъд аз як ҳафтаи оғози баҳрабардории лӯлаи нави гази Туркманистону Чин сурат гирифта буд. Бо лӯлаи нави чиноӣ самти содироти гази Туркманистон ба хориҷ тағйир кард ва Туркманистон барои худ роҳро ба сӯи Шарқ низ боз кард.

Коршиносон мегӯянд, ҳамаи ин Туркманистонро ба бозигари калидии газӣ дар минтақа табдил медиҳад ва ин кишвари хурдакак, ки замоне дар миёни ҷамоҳири Шӯравӣ аз фақиртаринҳо маҳсуб мегардид, ҳамакнун бо Русияву Чину Эрон бо лаҳни баробар сӯҳбат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG