Пайвандҳои дастрасӣ

Бегоҳи имрӯз, 5-уми январ, раисҷумҳури Тоҷикистон аз тариқи шабакаҳои давлатии телевизионӣ ба мардуми тоҷик дар бораи бунёди нерӯгоҳи Роғун муроҷиат хоҳад кард.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин муроҷиатномаи худ дар дидораш бо рӯзноманигорони расонаҳои маҳаллӣ ва аҳли адаб дар охири моҳи декабр хабар дода буд.

Қарор аст, сар аз фардо, 6-уми январ, саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун дар саросари кишвар ба фурӯш бароянд. Ҳамчунин, рӯзи 6-уми январ дар шаҳри Душанбе Рӯзи ваҳдати сокинони пойтахт ҷиҳати бунёди нерӯгоҳи Роғун эълон шудааст.

Бино бар иттилоъи Вазорати молияи Тоҷикистон, саҳмияҳои Роғун ба маблағи 6 миллиард сомонӣ бароварда шудаанд ва омодаи фурӯш ҳастанд. Саҳмияҳо бо арзиши номиналии 100, 500, 1000 ва 5 ҳазор сомонӣ, ки саҳмияҳои манзурӣ ҳастанд, бароварда шуда ва шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи харидории онро доранд.Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов, дар маҷмӯъ саҳмия 5 миллион адад, ки аз он се миллион адад 100-сомонӣ, як миллион 1000-сомонӣ, 800 ҳазор адад 5 ҳазорсомонӣ ва 600 ҳазор саҳмияҳои номӣ бароварда шудааст.

Масъули фурӯши саҳмияҳо Бонки давлатии «Амонатбонк» аст ва ба гуфтаи масъулони ин бонк, дар саросари кишвар 583 нуқтаи фурӯш боз мешавад, ки аз он 47 адад дар шаҳри Душанбе хоҳад буд.



Дар ҳамин ҳол, Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, аз кормандони ниҳодҳои бонкӣ ва молии кишвар ва мардум давъат карда буд, то ба ҷанбаҳои ҳимояи саҳмияҳо ва ҷилавгирӣ аз мавридҳои эҳтимолии тақаллубкорӣ дар раванди харидуфурӯши саҳмияҳо низ таваҷҷӯҳ кунанд,. Зеро, ба бовари бонкдори аввали кишвар, эҳтимол дорад, саҳмияҳо тавассути афроди алоҳида нусхабардорӣ шуда ва ба фурӯш гузошта шаванд. Вазири молияи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки саҳмияҳо ҳамчун коғазҳои қимматдор чаҳор дараҷаи муҳофизатиро доро мебошанд.

Бар асоси муқаррарот, саҳмиядор дар сурати лозим метавонад саҳмияашро дар бозори озоди қоғазҳои қимматдор бифурӯшад. Ба таъкиди Шариф Раҳимзода, бо фаъол шудани нерӯгоҳи «Роғун» ва даромад гирифтани он саҳмиядорон метавонанд маблағи саҳмияи худро аз бонкҳо бозпас бигиранд ва эҳтимол дорад, арзиши саҳмияҳо дар он замон ба маротиб бештар шавад. Зеро ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ, нархи нерӯи барқ дар бозори ҷаҳонӣ дар ҳоли афзоиш аст.

Мақомот эълон кардаанд, ки фурӯши саҳмияҳо озод ва ба тариқи нақдӣ ва ғайринақдӣ сурат гирифта, барои харидории саҳмияҳои арзиши номиналии 100, 1000 ба 5 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд ҳеҷ ҳуҷҷате талаб намешавад. Аммо гувоҳномаи саҳмияҳои номӣ, ки маблағашон беш аз 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад аз ҷониби Вазорати молия бо тариқи бақайдгирӣ ва номнависӣ дода мешаванд.

Дар соли 1996 маъракаи саросарии фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда» ба роҳ монда шуда буд, аммо бо гузашти қариб ду сол аз фаъол шудани ин нерӯгоҳ то ҳанӯз тақдири маблағҳои саҳмиядорон, ба хусус мардуми оддӣ, ки дастаҷамъона харидорӣ карда буданд, маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, як рӯз қабл аз фарорасии Соли Нав фармоне интишор кард ва пули харидорони саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро таҳти ҳимояти давлат қарор дод. Тибқи он фармон, маблағҳои афроде, ки саҳмияҳои «Роғун» -ро харидорӣ мекунанд, қонунӣ ҳисобида шуда, ин шахсон дар чаҳорчӯби муқаррароти қонунгузории кишвар аз ҷавобгарӣ озод мешаванд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG