Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико то ҳол дарҳоро бар рӯи Эрон боз гузоштааст


Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико мегӯяд, Амрико ҳанӯз ҳам дарҳоро барои музокира бо Теҳрон роҷеъ ба барномаҳои зиддунақизи Эрон боз мегузорад. Вале вай меафзояд, ҳамзамон Вошингтон баррасии имкони ҷорӣ кардани таҳримҳо бар зидди Теҳронро бо муттаҳидони худ оғоз кардааст. Хонум Клинтон рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, ҳадафи Вошингтон ин аст, ки ба ҳукумати Эрон ва Сипоҳи посдорони инқилоб фишор орад, то аз барномаҳои ҳастаӣ даст кашанд. Хонум Клинтон афзуд, Вошингтон коре нахоҳад кард, ки мардуми оддӣ аз он зарар бинанд. Кишварҳои ғарбӣ ба Эрон мӯҳлат дода буданд, ки то поёни соли 2009 бояд ба ғанисозии уран дар кишвари севвум розӣ шавад. Аммо ин зарбулаҷал риоят нашуд.
XS
SM
MD
LG