Пайвандҳои дастрасӣ

Обама бо ниҳодҳои амниятии Амрико мулоқот мекунад


Интизор меравад, ки имрӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури амрико бо мақомоти баландпояи амниятии давлаташ мулоқот кунад. Ин мулоқот дар ҳоле анҷом мегирад, ки тадбирҳои зиддитеррористии ин ниҳодҳои Амрико барои ҷилавгирӣ аз талошҳои бамгузорӣ натиҷа надодааст ва як бамгузор дар рӯзи иди Милоди Масеҳ тавонист вордии ҳавопаймои парвози Амстердам-Детройт шавад ва мехост онро муфаҷир созад. Дар мулоқот бо Обама раҳбарони ниҳодҳои кашфи Амрико, вазорати амният ва ниҳодҳои интизомӣ ширкат ва тағироти зарурӣ дар амниятии кишварро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG