Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Аҳмадинажод аз Туркманистон оғоз мешавад


Интизор меравад, ки имрӯз боздиди Маҳмуди Аҳмадинажод- раиси ҷумҳуи Эрон аз Туркманистон оғоз шавад. Дар ҷараёни ин боздид Аҳмадинажод дар маросими гушоиши дувумин лулаи гази миёни Туркманистон ва Эрон ширкат хоҳад кард. Ин лулаи нави газ чоҳи Давлатободи Туркманистонро бо минтақаи Сарахси Эрон васл мекунад. Коршиносон мегӯянд, ин лулаи газ метавонад соле ба Эрон то 6 миллиард метри муккааб газ интиқол диҳад. Лулаи аввали гази Туркманистон ба Эрон соли 1997 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Дар ҷараёни боздиди дурӯза Аҳмадинажод бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон мулоқот мекунад. Боздиди Аҳмадинажод ба Туркманистон баъд аз боздидаш аз Тоҷикистон анҷом мегирад. Дар ин соатҳо боздиди вай аз Тоҷикистон идома дорад.
XS
SM
MD
LG