Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрванди Тоҷикистон бо тапонча боздошт шудааст


Бино ба хабари РИА Новости-и Русия, мақомоти интизомии ин кишвар дар шарқи шаҳри Маскав шоми рӯзи якшанбе дар назди истгоҳи метрои Шелковская аз як шаҳрванди Тоҷикистон тапонча ва тирҳои онро мусодира кардаанд. Бино ба ин хабар, нозирони роҳ барои тафтиши ҳуҷҷутҳои ронандагӣ дар кӯчаи Уралский автомашинаи "Жигули"-ро нигаҳ доштаанд, ки паси фармон шаҳрванди Тоҷикистон нишаста будааст. Хабаргузорӣ менависад, аз ваҷоҳати ронанда маълум шудааст, ки вай ором нест ва нозирони ҳаракати нақлиёт бадани вайро бозҷӯӣ кардаанд. Аз вай тапонча ва чанд тир пайдо шудааст. Бар зидди ин шаҳованди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва мақомоти интизомии Русия мехоҳанд расидагӣ кунанд, ки оё ин шаҳрванди Тоҷикистон дар кушторҳо ё ҷиноятҳо даст доштааст ё хайр.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG