Пайвандҳои дастрасӣ

5 амрикоии боздоштшуда бо тундравҳо иртибот надоранд


5 амрикоие, ки дар Покистон боздошт шуданд, инкор кардаанд, ки онҳо ҳеҷ гуна ҳамлаи террористиро тарҳрезӣ накардаанд. Ин 5 нафар, ки дар авоили моҳи декабр дар шаҳри Саргуда боздошт шуда буданд, муттаҳам мешаванд, ки талош доштаанд барои анҷоми амали терористӣ бар зидди ҳадафҳое дар Покистон бо гурӯҳи тундравҳои исломӣ вориди гуфтугӯ шаванд. Муҳаммад Амрӣ Хон-вакили мудофеъ ҳангоме, ки бо рӯзноманигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ки ин 5 нафар амрикоӣ рӯзи душанбе, вақте, ки дар додгоҳ ҳозир шуданд, инкор карданд, ки бо тундравҳо иртибот надоранд:

"Ҳамаи муттаҳамон мегӯянд, ки онҳо бо ҳеҷ як аз созмонҳои мамнуъ тамос надоранд. Ман Ал Қоида ва "Ҷайши Муҳаммад"-ро дар назар дорам".

Ба гуфтаи гурӯҳи вакилон, ин 5 мард изҳор доштаанд, ки мехостаанд барои кӯмак ба дӯстони мусулмонашон ба Афғонистон раванд.
XS
SM
MD
LG