Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоли нафт аз Русия ба Беларус дубора оғоз шуд


Русия мегӯяд, интиқоли нафтро ба полоишгоҳҳои нафти Беларус дубора оғоз кардааст. Хабаргузории Интерфакс аз қавли Игор Сечин-муовини нахуствазири Русия гуфтааст: "Мо дирӯз интиқоли нафтро ба полоишгоҳҳои Беларус оғоз кардем". Беларус ҳам таъйид кардааст, ки ҳоло нафт аз Русия ба Беларус ворид мешавад. Аз сӯи дигар, Владимир Путин-нахуствазири Русия изҳори умедворӣ кардааст, ки дар ояндаи наздик бо Беларус дар бораи интиқоли нафт созиш ба даст ояд. Рӯзи якшанбе Беларус гуфт, тақозои Маскав дар бораи пардохти молиёти бештар барои интиқоли нафт бо санадҳои имзошуда дар поёни соли гузашта муғоират дорад.
XS
SM
MD
LG