Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди Аҳмадинежод аз Тоҷикистон поён меёбад


Имрӯз боздиди расмии Маҳмуди Амадинежод-раиси ҷумҳури Эрон аз Тоҷикистон ба поён мерасад. Дар рӯзи аввали боздид раиси ҷумҳури Эрон бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон паси дарҳои баста дидору гуфтугӯ кард. Ҳайатҳои ҳукуматии ҳар ду ҷониб барои баррасии ҳамкориҳои дуҷониба бо ҳам мулоқот карданд. Дар поёни ин дидору гуфтугӯҳо миёни Тоҷикистону Эрон 6 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоду саноат ба имзо расид. Ҷониби Эрон розӣ шудааст, ки барои такмили сохтмони нақби "Истиқлол" 6 миллион доллари дигар дар ихтиёри Тоҷикистон гузорад. Ин ду кишвар дар бораи густариши ҳамкориҳо замоне қарордодҳои ҳамкорӣ имзо мекунанд, ки давлати Эрон барои саркашӣ аз қатъи барномаҳои ҳастаиаш ва саркӯбии мухолифони дохилии сиёсиаш мавриди интиқоди маҳофили бйналмиллалӣ қарор дорад. Ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, мушкили барномаҳои ҳастаии Эрон бояд аз роҳҳои дипломатӣ ҳал шавад.
XS
SM
MD
LG