Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон: Вазъи Яман ба минтақа ва ҷаҳон хатар дорад


Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико мегӯяд, вазъ дар Яман ҳам барои суботи минтақа ва ҳам барои субот дар ҷаҳон хатароте дар пай дорад. Хонум Клинтон ин суханонро баъд аз бастани сафоратхонаҳои Амрикову Британия ва Фаронса дар Санъо-пойтахти Яман изҳор дошт. Ин кишварҳо бино ба нигарониҳо аз имкони ҳамлаи тундравҳо сафоратхонаҳои худро дар Яман бастаанд. Хонум Клинтон гуфт, дубора боз шудани ин сафоратхонаҳо ба вазъи амниятӣ бастагӣ дорад ва сафоратҳо замоне боз мешаванд, ки вазъ ба он имкон диҳад. Рӯзи душанбе мақомоти расмии Яман хабар доданд, ки нируҳои амниятии онҳо 2 нафар афроди машкук ба Ал Қоидаро аз байн бурдаанд.
XS
SM
MD
LG