Пайвандҳои дастрасӣ

Баста шудани масҷиди оятуллоҳи мухолиф дар Шероз


Мақомоти Эрон дар шаҳри Шероз масҷидеро, ки пойгоҳи як оятуллоҳи мухолиф маҳсуб мешуд, бастаанд. Бино ба хабарҳо, ин нахустин мавриди баста шудани масҷиди шиаҳо аз ҷониби мақомоти давлатии Эрон будааст.
Баста шудани масҷиди Қуба иқдоми мақомот алайҳи оятуллоҳ Саид Алимуҳаммади Дастғайб шумурда мешавад. Дастғайб, ки аз тарафдорони раҳбари мухолифин Мирҳусейни Мӯсавист, аз минбари ин масҷид низоми кунунии Ҷумҳурии исломии Эронро ба боди шадиди интиқод мекашид.
XS
SM
MD
LG