Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурҷи Дубай имрӯз боз хоҳад шуд


Расми гушоиши баландтарин сохтмони дунё имрӯз дар Дубай барпо хоҳад шуд. Баландии Бурҷи Дубай беш аз 800 метр аст, ки назар ба осмонбӯси Тайпей 101 дар Тайван тақрибан 300 метр баландтар мебошад.
Маросими ифтитоҳи Бурҷи Дубайро ҳокими ин иморат Шайх Муҳаммад Рашид бин ал-Махдум раҳбарӣ хоҳад кард.
Ифтитоҳи он дар ҳоле барпо мешавад, ки иморати Дубай дар пайи бӯҳрони саросарии молӣ ба мушкилоти иқтисодӣ ва коҳиши башиддати нархи манзил рӯбарӯ шудааст.
Аммо Муҳаммад Алаббар, мудири ширкати масъули эҳдоси Бурҷи Дубай гуфтааст, ин осмонбӯс дар пайи бӯҳрони молӣ ба мардум паёми хушбинона хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG