Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баста шудани саввумин сафорат дар Яман


Нерӯҳои Яман сафорати Амрико дар Санъоро ба муҳосираи амниятӣ гирифтанд, 4-уми январи соли 2009.

Нерӯҳои Яман сафорати Амрико дар Санъоро ба муҳосираи амниятӣ гирифтанд, 4-уми январи соли 2009.

Фаронса низ ба дунболи Амрикову Британия ба далели нигарониҳо дар мавриди ҳамлаҳои эҳтимолии террористӣ сафоратхонааш дар Яманро баст.

Сафири Фаронса аз фаронсавиҳои муқими Яман хостааст, аз эҳтиёти тамом кор бигиранд ва ба маҳзи вазъи пешомада аз сафар парҳез кунанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Яман дар бораи ҳалокати ду ҷангии эҳтимолии Ал-Қоида дар як задухӯрди нирӯҳои амниятӣ бо ҷангиён дар шимоли Санъо, пойтахти ин кишвар хабар доданд.

Дирӯз Ҷон Бреннан, мушовири раисиҷумҳури Амрико дар умури мубориза алайҳи терроризм гуфт, аломатҳое ба даст омадаанд, ки аз қасди шабакаи Ал-Қоида ҷиҳати анҷоми ҳамлаҳое дар Яман дарак медиҳанд: “Мо медонем, ки Ал-Қоида сафорати мо ва кормандони сафорати моро ҳадаф гирифтааст. Ва мо мехоҳем мутмаин бошем, ки ҷиҳати таъмини амнияти дипломатҳои худ ва афроди дигаре, ки дар он ҷо ҳастанд, тамоми кори мумкинро кардаем. Ин гоми мӯҳтотона ба ҳамин хотир гирифта шудааст.”

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама муттаҳидини Ал-Қоида дар Яманро дар таъмини силоҳ ва тамрини як шаҳрванди Нигерия, ки қасд дошт дар рӯзи Мавлуди Масеҳ як ҳавопаймои мусофирбари амрикоиро битарконад, айбдор кардааст.

Рӯзи якшанбе сарвазири Британия Гордон Браун Яманро кишвари ноком унвон дода, гуфт, ки моҳи равон бо мақсади кумак ба ин кишвари нимҷазираи Араб дар Лондон як конфронси байналмилалӣ барпо хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол ҳукумати Яман дар фурӯдгоҳи Санъо, гирду атрофи сафоратҳои ИМА, Британия, Олмон ва Арабистони Саудиро чораҳои иловагии амниятӣ андешидааст.

Амният дар обҳои соҳилии Яман низ таҳким ёфтааст. Мақомоти яманӣ мехоҳанд аз вуруди ҷангҷӯёни исломии мустақар дар кишвари африқоии Сомалӣ ба Халиҷи Адан ва обҳои Яман ҷилавгирӣ кунанд.

Тахмин мешавад, ки шабакаи ал-Қоида саъй дорад пойгоҳашро дар Яман тақвият бахшад. Талошҳои ошӯбгарони шиамазҳаб дар шимоли Яман ва ҷумбишҳои озодихоҳ дар ҷануби ин кишвар як халои сиёсӣ ба амал овардаанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ал-Қоида дар манотиқе, ки нуфузи ҳукумати марказии Яман заиф аст, реша давондааст, яъне минтақаҳои Маъриб, ал-Ҷавф, Хазрамавт ва марз бо Арабистони Саудӣ.

Президенти ИМА Барака Обама шабакаи ал-Қоидаро бо таълим ва мусаллаҳсозии Умар Форуқ Абдулмуталлаб муттаҳам кард. Охири моҳи гузашта ин ҷавони 23 солаи нигерӣ баъди кӯшиши нокоми тарконидани ҳавопаймои мусофирбари озими ИМА ба ҳабс гирифта шуд. Шабакаи ал-қоида дар нимҷазираи Араб масъулияти ин ҳамлаи нокомро бар дӯш гирифта, мусулмонони оламро ба мубориза бо манфиатҳои мамолики ғарбӣ даъват кардааст.

Мансабдорони амрикоӣ тахмин мекунанд, Абдулмуталлаб бо Анвар ал-Авлакӣ- рӯҳонии тундгарои зодаи ИМА, ки эҳтимолан дар Яман ба сар мебарад, иртибот дорад.

Ҳамчунон ба ақидаи манбаъҳои амниятии ИМА ал-Авлакӣ бо масъулони ҳамлаҳои террористии моҳи сентябри соли 2001-ум болои шаҳрҳои Амрико ва Низол Малик Ҳасан марди муттаҳам дар куштори 13 нафар дар пойгоҳи Форд Норти аёлати Тексас дар соли гузашта робита доштааст. Сафорати ИМА дар Санъо моҳи сентябри соли 2008-ум мавриди ҳамла қарор гирифта буд, ки дар он 19 нафар ва аз ҷумла як амрикоӣ кушта шуданд. Масъулияти он ҳамларо ал-Қоида бар ӯҳда гирифта буд.

Соли 2009-ум ИМА бо ҳадафи тамрини нерӯҳо ва дастгириии ҳукумати Яман 67 миллион доллар тахсис дода буд.
2-уми январ дар шаҳри Санъо фармондеҳи минтақавии нерӯҳои ИМА генерал Дейвид Петреус бо президенти Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ вохӯрда, ваъда дод, ки ИМА дар мубориза бо ал-Қоида ба Яман кумаки бештар хоҳад расонд.
XS
SM
MD
LG