Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай хостори қатъи таътили парлумон шуд


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай аз вакилони парлумон хост, ба хотири раъйгирии номзадҳо ба узвияти кобинаи вазирон таътили зимистонии худро қатъ кунанд.
Парлумон рӯзи шанбе 17 нафар аз 24 номзад ба узвияти кобинаи Карзайро радд кард, ки боиси амиқтар шудани бӯҳрони сиёсӣ дар Афғонистон шуд. Карзай имрӯз бо судури як қарор гуфт, номзадҳои нав то чанд рӯзи дигар ба хотири ахзи раъйи эътимоди парлумон муаррифӣ хоҳанд шуд ва ба ин далел аз парлумон хост, корашро дар ин рӯзҳо қатъ накунад. Иҷлоси навбатии парлумон ба рӯзи 5 январ муқаррар шуда буд.
XS
SM
MD
LG