Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон дар бораи боздошти чандин хориҷӣ хабар дод


Эрон мегӯяд, дар ҷараёни задухӯрдҳои моҳи ахир миёни тарафдорони мухолифин ва нирӯҳои амниятӣ чандин шаҳрванди хориҷӣ боздошт шуданд. Вазири иттилооти Эрон Ҳайдар Муслиҳӣ ба телевизиони давлатӣ гуфт, ин хориҷиён ду рӯз пеш аз Ошӯро, солгарди шаҳодати Имом Ҳусейн, вориди Эрон шуда, “ҷанги равонӣ алайҳи низомро раҳбарӣ мекарданд.”
Аммо Муслиҳӣ дар бораи теъдоди боздоштшудагон ва аз кадом кишвар будани онҳо ҷузъиёт надод.
Мақомоти Эрон то ҳол боздошти танҳо як хориҷӣ - хабарнигори суриёиеро, ки барои телевизиони Dubai TV кор мекард, тасдиқ кардаанд.
Дар ҷараёни тазоҳуроти рӯзи 27 декабр дар Теҳрон дастикам 8 нафар кушта ва садҳо нафар боздошт шуданд.
Дар айни замон, як сомонаи ислоҳталабон хабар дода, ки 88 устоди донишгоҳи Теҳрон дар номае ба раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ хостори қатъи хушунат алайҳи эътирозгарони мухолиф шудаанд.
XS
SM
MD
LG