Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронса ҳам сафораташро дар Яман баст


Фаронса низ ба дунболи Амрикову Бритониё ба далели нигарониҳо дар мавриди ҳамлаҳои эҳтимолии террористӣ сафоратхонааш дар Яманро баст. Сафири Фаронса аз фаронсавиҳои муқими Яман хостааст, аз эҳтиёти тамом кор бигиранд ва ба маҳзи вазъи пешомада аз сафар парҳез кунанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Яман дар бораи ҳалокати ду ҷангии эҳтимолии Ал-Қоида дар як задухӯрди нирӯҳои амниятӣ бо ҷангиён дар шимоли Санъо, пойтахти ин кишвар хабар доданд. Дирӯз Ҷон Бреннан, мушовири раисиҷумҳури Амрико дар умури мубориза алайҳи терроризм гуфт, аломатҳое ба даст омадаанд, ки аз қасди шабакаи Ал-Қоида ҷиҳати анҷоми ҳамлаҳое дар Яман дарак медиҳанд: “Мо медонем, ки Ал-Қоида сафорати мо ва кормандони сафорати моро ҳадаф гирифтааст. Ва мо мехоҳем мутмаин бошем, ки ҷиҳати таъмини амнияти дипломатҳои худ ва афроди дигаре, ки дар он ҷо ҳастанд, тамоми кори мумкинро кардаем. Ин гоми мӯҳтотона ба ҳамин хотир гирифта шудааст.”
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама муттаҳидини Ал-Қоида дар Яманро дар таъмини силоҳ ва тамрини як шаҳрванди Нигерия, ки қасд дошт дар рӯзи Мавлуди Масеҳ як ҳавопаймои мусофирбари амрикоиро битарконад, айбдор кардааст.
XS
SM
MD
LG