Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Ванҷ 98 манзил пурра тахриб шудааст


Атобек Сӯбадоров, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Ванҷ ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асари заминларзаи субҳи 2 январ дар ноҳияи Ванҷ 98 манзил пурра ва 1078 манзили дигар қисман тахриб шудаанд.
Атобек Сӯбадоров афзуд, феълан кӯмакҳои ғизоие барои осебдидагон нарасидааст, вале як куммиссиюни давлатӣ дар роҳ аст, ки бояд имрӯз ба Ванҷ бирасад ва масъалаи ироаи ёриҳои изтирорӣ ба осебдидагонро матраҳ кунад.
Субҳи шанбе дар ноҳияи Ванҷ зилзилае бо шиддати беш аз 5 балл тибқи ҷадвали Рихтер рух дод. Мақомоти ноҳия мегӯянд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, хисороти ворида дар натиҷаи ин заминларза беш аз 1,5 миллион долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG