Пайвандҳои дастрасӣ

Восеъ: Латтукӯби падари сарбози ҳалокшуда


Субҳи 1-уми январ ҷасади беҷони Комрон Тешаев, сарбози қисми ҳарбии 13483-и Вазорати мудофиаи кишвар, воқеъ дар ноҳияи Восеъ, ба хонаи падар оварда шуд.

Ба гуфтаи Икром Зоиров, муовини додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб, Комрон шаби таҷлили Соли нави мелодӣ ҳамроҳи ду афсар ва як сарбози дигар ҳангоми ҳаракат ба хоҷагии ёрирасонӣ ин қисм дар роҳ ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда ба ҳалокат расидааст. Аммо болои ҷасади сарбозро ба хона бурдан падари марҳум аз ҷониби афсарони қисм ва намояндагони комиссариати ҳарбӣ мавриди лату куб қарор гирифтааст.

Дар ҳоле, ки ҷасади беҷони фарзандро дид, ҳолати равонияш бад шуд ва намояндагони комиссариати ҳарбиро ҳақорату дашном дод... Аммо ба ҷои он, ки намояндагон падарро дилбардорӣ кунанд, баръакс ӯро латтукӯб намудаанд ...
Ашур Тешаев, наздики сарбози ҳалокшуда, мегӯяд, бародари ӯ дар ҳоле, ки ҷасади беҷони фарзандро дид, ҳолати равонияш хеле бад шуд ва намояндагони комиссариати ҳарбиро ҳақорату дашном дод. Мисле, ки ҳар як падар бо дидани ҷасади фарзанди беҷон чунин мекунад. Аммо Тешаев мегӯяд, ба ҷои оне, ки намояндагон падарро дилбардорӣ кунанд, баръакс ӯро латтукӯб намудаанд.

Дар ҳамин ҳол зимни як сӯҳбати телефонӣ Маҳмадсаид Насимов, додситони ноҳияи Восеъ, гуфт, ки сари ин қазия онҳо низ тафтишотро шурӯъ кардаанд ва ҳамакнун падари сарбозро барои ташхиси тиббӣ-судӣ гузаронидан, ки зарари ҷиддии ҷисмонӣ дидааст, роҳхат додаанд. Ҷаноби Насимов гуфт, тибқи қавонини ҷории кишвар ҳатман ашхоси ба ин кор дастзада, ҷазо хоҳанд гирифт.

Дар ҳамин ҳол Маҳмадалӣ Холиқов, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, чунин бадрафтории намояндагони қисми низомӣ ва комиссариати ҳарбӣ нисбат ба волидайни сарбози ҳалокшуда бесобиқа будааст. Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, бадмуомилагӣ хоси аксари кормандони сохторҳои мазкур бошад ҳам, аммо то ба ин ҳад амал кардани онҳоро касе интизор надошт.

Бадрафтории кормандони комиссариати ҳарбӣ ва қисми низомӣ мақомоти интизомиро нигарон кардааст. Ин қазия ҳатто Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи кишварро бетараф нагузошт ва ду рӯз қабл дар рӯзи истироҳат ӯ бо як сафари корӣ аз ин қисми ҳарбӣ дидан кардааст. Вале аз натиҷаи сафари ӯ то ҳанӯз хабари расмие дар даст нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG