Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хисороти заминларзаи шадид дар Ванҷ


Сардори ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Дӯстӣ Худоёров иттилоъ додааст, ки комиссияи вилоятӣ хисороти заминларзаи субҳи 2- юми январ дар ноҳияи Ванҷ рухдодаро муайян кардааст.

Ба гуфтаи сардори ситод, бар асари заминларза чаҳор мактаб, ҳафт бинои идораву муассиса ва бештар аз 60 манзили истиқоматии мардум хароб ва дар ҳолати садамавӣ қарор гирифта, дар онҳо таҳсил, кор ва зист номумкин гардидааст.

Сардори ситод баён дошт, ки бар асари харобшавии манзилҳои истиқомати алҳол бештар аз 500 кас муваққатан дар хонаҳои хешовандон ба сар мебаранд.

Намояндаи бахши ноҳиявии созмони Ҳилоли Аҳмар ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа иттилоъ додааст, ки нахустин кумаки башардӯстона аз ҷониби ин созмон ироа шудааст ва се хонаводаи бесарпаноҳмонда бо хаймаҳои гарм таъмин шудаанд. Масъулини ин ин созмон гуфтаанд, ки миқдори зиёдтари хаймаҳо ва маводи ғизоро дар рӯзҳои наздик интиқол хоҳанд дод.

Вале Атобек Субадоров, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Ванҷ, дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид накард ва гуфт, "то ҳол ягон кумаке ба зарардидагони заминларза нарасидааст".

Шиддати заминларза дар Ванҷро мутахасисон наздик ба 5 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер муайян кардаанд. Заминларза бештар аз ҳама дар маркази ноҳияи Ванҷ ва маҳаллоти гирду атрофии он ва минтақаи Язгулом эҳсос шудааст.

Заминҷунбӣ дар Ванҷ ғайриоддӣ унвон шудааст, зеро аз соли 2007 ба ин сӯ пай дар пай дар ноҳия рух дода, сокинон ва мутахассисонро нигарон кардааст. Мутахассисони геолог ва зилзиласанҷии ҷумҳурӣ дар паи таҳқиқи сабабҳои заминларза вуқуи онро ба фаъолшавии ҷинсҳои кӯҳӣ дар минтақа марбут донистаанд.

Ба гуфтаи мутахассисон, чунин заминларзаҳои ғайриоддӣ дар Бадахшон қаблан дар маҳалли Бағуши ноҳияи Ишкошим, Шаймоқи ноҳияи Мурғоб ва Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа низ мушоҳида шудаанд, ки тайи як сол тез-тез аз худ дарак додаанд ва пас-он заминҷунбӣ дигар эҳсос нашудааст, аммо заминларзаи Ванҷ пайваста ба вуқуъ мепайвандад ва боиси нигаронии сокинон ва мутахассисон шудааст.
XS
SM
MD
LG