Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳосибаи хисороти заминларза дар Ванҷ идома дорад


Раиси ситоди ҳолоти изтирории вилояти Бадахшон Дӯстӣ Худоёров гуфт, бар асари заминларзаи субҳи 2 январ дар ноҳияи Ванҷ беш аз 60 манзил, 7 идораи давлатӣ ва 4 мактаб тахриб шуда, идомаи истифодаи онҳо ғайримумкин гардидааст. Ба гуфтаи оқои Худоёров, беш аз 500 нафари бесарпаноҳмонда феълан дар манозили хешовандони худ ба сар мебаранд.
Субҳи шанбе дар ноҳияи Ванҷ зилзилае бо шиддати беш аз 5 балл тибқи ҷадвали Рихтер сабт шуд, ки бар асари он ба гуфтаи мақомот, то 1050 манзил дар чанд рустои ин ноҳияи пурра ваё қисман тахриб шуд. Мақомоти ноҳия мегӯянд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, хисороти ворида дар натиҷаи заминларзаи субҳи шанбе беш аз 1,5 миллион долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG