Пайвандҳои дастрасӣ

Даниэл Таго ва Дэвид Тетте, футболбозони африқоӣ, бар асоси қарордоди яксола дар дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозӣ хоҳанд кард.

Даниел Таго
Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш», ба радиои Озодӣ гуфт, «ҳимоятгар Даниэл Таго ва ҳамлагар Дэвид Тетте ба дастаи «Вахш» аз бошгоҳи футболи «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон гузаштанд. Мо бо ҳунарнамоии ин футболбозони хориҷӣ ҳангоми бозиҳои сабқати ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё, ки авохири моҳи сентябри соли 2009 дар шаҳри Турсунзода баргузор шуда буд, ошно шудем ва ҳардуро таги чашм намудем. Пас аз анҷоми мавсими футбол, моҳи ноябри соли гузашта мо ба шаҳри Бишкек сафар намуда, бо ҳарду футболбоз гуфтушунид кардем. Таго ва Тетте барои соли 2010 дар дастаи «Вахш» бозӣ кардан розигӣ доданд. Ҳарду аз 4-уми январ дар дастаи «Вахш», ки ба Ҷоми қаҳрамонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик омодагӣ мебинад, тамрин мекунанд».

Девид Тетте
Ба иттилоъи Исроил Шарифов, Даниэл Таго ва Дэвид Тетте зодагони кишвари Ганаи Африқо мебошанд. Даниэл 3-юми марти соли 1986 ва Дэвид 10-уми августи соли 1985 таваллуд шудаанд. Ҳарду аввал дар дастаи «КамАЗ»-и Маскав бозӣ кардаанд. Тетте аз соли 2007 ва Таго аз соли 2008 ба дастаи «Дордой-Динамо»-и шаҳри Норин гузаштаанд. Тетте, ки ҳамчунин, шаҳрвандии Қирғизистонро пазируфтааст, се бор ва Таго ду бор ба унвони қаҳрамони футболи Қирғизистон даст ёфтаанд. Бояд гуфт, ки Даниэл Таго беҳтарин футболбози Қирғизистон дар соли 2009 эътироф шудааст. Воқеъан, дар таърихи футболи Қирғизистон Таго аввалин футболбози хориҷист, ки ба ин ҷоиза мушарраф шудааст.

Исроил Шарифов афзуд, дар дастаи «Вахш» ҳоло се легионер бозӣ мекунанд. Ба ғайр аз футболбозони Гана, ҳамчунин, Фарҳод Юлдошеви узбакистонӣ аз моҳи августи соли 2009 дарвозабони «Вахш» мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG