Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти тафтиши мусофирон аз 14 кишвари хос


Амрико аз имрӯз дар фурудгоҳҳояш тафтиши мусофирон аз 14 кишвареро, ки аз нигоҳи амниятӣ хатарзо шиносоӣ шудаанд, тақвият медиҳад. Мақомоти маъмурияти Амрико мегӯянд, тамоми бадан ва бағоҷи мусофирон аз кишварҳои шомили “феҳрасти пуштибонони терроризм” – Куба, Эрон, Судон ва Сурия – таҳти тафтиши комил қарор дода хоҳад шуд. Дар фурудгоҳҳои Амрико тафтиши мусофирон аз Афғонистону Алҷазоир, Ироқу Лубнон, Либияву Нигерия, Покистону Арабистони Саудӣ ва Сомаливу Яманро низ тақвият хоҳанд дод.
Ҳамаи мусофирон метавонанд мавриди тафтишҳои мунтахаб низ қарор бигиранд. Ин тадобири изофии амниятӣ дар фурудгоҳҳои Амрико ба дунболи талоши таркондани як ҳавопаймои мусофирбари амрикоист, ки як шаҳрванди Нигерия мехост дар рӯзи Мавлуди Масеҳ анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG