Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор тими ҷадид дар лигаи олии Тоҷикистон


Имсол бо қарори Федеросиюни футболи Тоҷикистон 4 тими ҷадид – “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ, “Хайр”-и ноҳияи Ваҳдат, “Ҷавонон”-и Турсунзода ва “Зарафшон”-и Панҷакент ҳаққи ширкат дар бозиҳои лигаи олии мусобиқоти қаҳрамонии футболи кишварро ба даст оварданд. Имсол, қарор аст, дар лигаи олии футболи Тоҷикистон 12 тим ширкат биварзанд, ки аз лиҳози шумор бесобиқа будааст. Соли гузашта дар лигаи олӣ 10 тим сабқат мекард, вале “Спитамен”-и Нов ба далели мушкилоти молӣ аз нимаи чемпионат аз идомаи сабқат даст кашид.
Феълан ба иллати набуди маблағ хатари хуруҷ аз чемпионат ба тими “Парвоз” аз шаҳри Бобоҷон Ғафуров таҳдид мекунад. Ҳар тим барои ширкат дар мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон бояд 40 000 сомонӣ ҳаққи узвият супорад.
XS
SM
MD
LG