Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шаби Соли нав дар Маскав ду тоҷик кушта шуданд


Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, шаби Соли нав дар шаҳри Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд. Бино ба хабари РИАН “Новости”, яке аз онҳо баробари фаро расидани Соли нав дар атрофи майдони Манеж, воқеъ дар наздикии истгоҳи метрои “Охотний ряд”, дар ҷараёни як занозанӣ, ки ба кордкашӣ печид, ва дуввумӣ тақрибан соати сеи шаби 1 январ дар минтақаи Лефортовои пойтахти Русия кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, бо иттиҳоми даст доштан дар қатли ин ду шаҳрванди Тоҷикистон чанд ҳамватани онҳоро боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG