Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва Бритониё сафоратҳои худ дар Яманро бастанд


Бинои сафорати Амрико дар пойтахти Яманро кормандони пулиси маҳаллӣ посбонӣ мекунанд
Бинои сафорати Амрико дар пойтахти Яманро кормандони пулиси маҳаллӣ посбонӣ мекунанд

Амрико ва Бритониё дар пайи таҳдидҳои шабакаи Ал-Қоида ва имкони ҳамлаи ҷангҷӯён сафоратҳои худро дар Яман бастаанд. Эҳтимоли чунин ҳамлаҳо баъд аз талоши инфиҷори ҳавопаймои хатсайри Ҳоланд-Амрико афзудаааст.

Сафорати Амрико дар Яман ба кормандонаш гуфтааст, ки дар манзилҳояшон боқӣ бимонанд ва ба кор ҳозир нашаванд. Вазорати корҳои хориҷаи Бритониё низ гуфтааст, ки фаъолияти сафораташ дар Яманро муваққатан мутаваққиф мекунад. Сафоратҳои баъзе дигар кишварҳои Ғарб, назири Испания низ чораҳои амниятиро тақвият бахшида, аммо баста нашудаанд.

Ниҳодҳои истихборотии ИМА бовар доранд, ки ҳузури Ал-Қоида дар қаламрави Яман дар вақтҳои охир афзоиш меёбад. Ҷон Бренан, мушовири раисиҷумҳури Амрико дар умури амнияти миллӣ ва фаъолиятҳои зиддитеррористӣ, ба хабарнигори “Си-Эн-Эн” гуфт, мақомоти ИМА иттилоъ дарёфт кардаанд, ки Ал-Қоида силсилаи ҳамлаҳо дар шаҳри Сано - пойтахти Яманро тарҳрезӣ кардааст.

Мақомоти ИМА иттилоъ дарёфт кардаанд, ки Ал-Қоида силсилаи ҳамлаҳо дар шаҳри Сано - пойтахти Яманро тарҳрезӣ кардааст ...
Вай афзуд, “мо медонем, ки Ал-Қоида дар он кишвар вуҷуд дорад ва мо бояд ҳар як гоми худро бисёр эҳтиёткорона бардорем”.

Ҳукумати Яман, ки бо шӯриши шиамазҳабон дар шимол ва эътирози ҷудоиталабон дар ҷануби кишвар рӯбарӯ мешавад, аллакай чораҳои амниятиро тақвият дода, кӯшиш мекунад, то ки аз вуруди ҷангиён аз қаламрави Сомалии ҳамсоя пешгирӣ кунад. Яман ичнунин талош дорад ҳамкориашро бо низомиёни Амрико тавсеа бахшад.

Ҳампаймонони ғарбӣ ба ҳукумати Яман ҳушдор медоданд, ки Ал-Қоида метавонад бесуботиро барои анҷоми ҳамлаҳои бештар дар саросари ҷаҳон истифода барад.

Рӯзи 25 декабр узви гурӯҳи “Ал-Қоида” дар нимҷазираи Арабистон, шаҳрванди Нигерия Умар Фаррух Абдумуталлаб талош кард, то дар ҳавопаймое, ки аз шаҳри Амстердами Ҳоланд ба Детройти ИМА парвоз мекард, маводи таркандаро мунфаҷир созад ва аммо мусофирон ва сарнишинҳои ҳавопаймо садди роҳаш шуданд. Гуфта мешавад, ки Абдумуталлаб дар Яман дар назди ҷангиёни Ал-Қоида аз тамрин дидааст.

Ал-Қоида эълом дошт, ки ин кӯшиши ҳамла посух ба ширкати Амрико дар амалиёти густардаи нерӯҳои ҳукуматии Яман алайҳи ошӯбгарони “Ал-Қоида” мебошад.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва нахуствазири Британия Гордон Браун дар мавриди сармоягузории нерӯҳои зиддитеррористии полиси Яман ва полиси дарёии кишвар, ки бо роҳзанҳо дар халиҷи Аден дар минтақаи миёни Яман ва Сомалӣ мубориза мебаранд, ба созиш расидаанд. Дар мавриди ҳаҷми маблағи кумак алҳол иттилои дақиқ мавҷуд нест.

Хабарнигорон аз вазири хориҷаи Яман савол карданд, ки оё кишвараш ба Амрико иҷозат хоҳад дод, дар қаламраваш ҳадафҳои Ал-Қоидаро мавриди зарбаҳои мушакӣ ва ҳавоӣ қарор диҳад? Оқои Ал Қибрӣ гуфт, ки дар ин бора бо ИМА ягон созишномае ба имзо нарасидааст.
XS
SM
MD
LG