Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аёдати зане, ки попро ба замин афканд


Ёвари попи Рум занеро, ки гуфта мешавад бемории рӯҳӣ дорад, дар бемористоне аёдат кард. Ин зан бо номи Сусанна Майоло дар арафаи иди Милоди Масеҳ аз гириебони попи Рум гирифт ва вайро ба замин афканд. Дар изҳороте, ки Ватикан мунташир сохтааст, гуфта мешавад, ки ёвари поп дар бемористони бемориҳои равонӣ дар канори шаҳри Рум ба таври хусусӣ ба аёдати ин зан рафтааст, то аз саломати вай огаҳ шавад. Бино ба изҳороти Ватикан, ёвари поп дар рӯзҳои Соли Нав ба аёдати Сусанна рафтааст. Ватикан аз додани тавзеҳот дар бораи гузориши рӯзномаи итолёии "Ҷеорнал" , ки гӯё ёвари поп ба Сусанна гул тақдим кардааст ва гуфтааст, ки поп вайро бахшидааст, худдорӣ кард. 24-ӯми декабр дар Ватикан ҳангоми адои ниёиш барои Исои Масеҳ ин зан аз ҷои худ бархост ва аз гиребони поп гирифт ва вайро ба замин афканд. Попи 82-сола аз ин пешомади ғайримунтазира осеб надид.
XS
SM
MD
LG