Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико тафтиш дар фурудгоҳҳояшро тақвият медиҳад


Ҳукумати Амрико эълон кард, ки аз имрӯз тафтиши бадани мусофирони ҳавопаймоҳои парвозҳои вурудӣ ба Амрикоро тавассути таҷҳизоти баданнамо тақвият медиҳад. Ин тафтиш ба вижа дар маврди шаҳрвандоне иҷро мешавад, ки кишварҳои онҳо "ҳомии терроризм" мебошанд ва ё худи онҳо мавриди таваҷҷуҳи ниҳодҳои интизомӣ қарор доранд. Ин дар ҳолест, ки дар рӯзи иди Милоди Масеҳ як шаҳрванди Нигерия аз Амстердами Голландия ба Детройти Амрико бо маводи мунфаҷира парвоз кард ва талош кард онро ҳангоми парвоз мунфаҷир созад. Вошингтон мегӯяд, ҳоло дар фурудгоҳҳо тафтиши бадани шаҳрвандони 14 кишвар, ба вижа қисматҳои поёнии баданро тавассути таҷҳизоти баданнамо тақвият медиҳад. Ба ин кишварҳо Кубаву Эрон ва Судону Сурия дохил мешаванд.
XS
SM
MD
LG