Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ва Британия сафоратҳояшонро дар Яман бастанд


Амрико мегӯяд, нишонаҳое вуҷуд дорад, ки Ал Қоида ба нақша гирифтааст, то ба Санъо-пойтахти Яман ҳамлае анҷом диҳад. Ҷон Бреннан-мушовири Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар умури терроризм баъд аз изҳороти Амрикову Британия дар бораи бастани сафоратхонаҳои худ дар Санъо-пойтахти Яман дар бораи имкони чунин ҳамла хабар дод. Оқои Бреннан-муовини мушовири амнияти миллӣ ва амнияти дохилии Амрико ва мушовир дар умури зиддитерроризм дар мусоҳибае бо барномаи телевизионии ЭЙ БИ СИ гуфт, гурӯҳи Ал Қоида дар Яман садҳо нафар узв дорад ва ин гурӯҳ беш аз пеш ба Яман хатар эҷод мекунад. Вазорати умури хориҷаи Британия дар Лондон гуфт, ба сабаҳои амниятӣ сафорати худро дар Санъо бастааст. Аммо ин манбаъ тавзеҳот надод, ки оё аз ҷое таҳдиде ҳам дарёфт кардааст ё хайр.
XS
SM
MD
LG