Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Бурҷи Дубай" баландтарин бино дар ҷаҳон боз мешавад


Интизор меравад, ки имрӯз ба таври расмӣ дар Дубай-пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб баландтарин бино дар ҷаҳон мавриди истифода қарор бигирад. Баландӣ ё иртифои ин бино 800 метр аст ва "Бурҷи Дубай" ном дорад. Ин бино бо баландии худ акнун рекорди кунуниро, ки 508 метр аст, мешиканад. То ҳол "Тайван Тейпей" аз сохтаҳои дасти инсон бо 508 метр баландтарин бино дар ҷаҳон буд. Сохтмони "Бурҷи Дубай" 5 сол давом кард. Ҳазорон нафар коргар, ба вижа аз кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ дар он ширкат доштанд. Арзиши бино 1 миллиарду 500 миллион доллар баровард шудааст. Ин бино ба ҷуз аз утоқҳои муҷаллал барои меҳмонон дафтарҳои корӣ низ дорад. Ин ҳотел ё меҳмонсароро Ҷеорҷ Арманӣ-ороишгари итолёӣ ороиш додааст.
XS
SM
MD
LG