Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзила дар Ванҷ ҳазорон нафарро бесарпаноҳ гузошт


Баъд аз заминларзаи шадиди рӯзи шанбе дар ноҳияи Ванҷи Тоҷикистон ҳудуди 20 000 нафар сокинон дар ин минтақа бесарпаноҳ мондаанд. Вазорати умури изтирории Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ин заминларза талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст, вале дар натиҷаи лағзиши теппаҳо ва резиши санг роҳҳо дар баъзе қисматҳо баста шудаанд. Боми садҳо хонаи сокинон фурӯ рехтааст ва деворҳо афтодаанд. Симҳои интиқоли барқ низ қатъ шудааст. Шиддати ин зилзила 5,3 дараҷаи ҷадвали Рихтер будааст. Рафъи оқибатҳои зилзила идома дорад.
XS
SM
MD
LG