Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти ҳамкори мо -- Муҳаммадраҳими Сайдар


Шоми якшанбе, 3-вуми январ дар шаҳри Тулаи Русия, пас аз бемории тӯлонӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ, нависандаи тоҷик Муҳаммадраҳими Сайдар дар синни 57-солагӣ аз ҷаҳон гузашт. Вай аз соли 2001 хабарнигори радиои "Озодӣ" дар Маскав буд ва солҳои охир аз бемории диабети қанд азият мекашид. Муҳаммадраҳим дар соли 1952 дар деҳи Шаҳринави ноҳияи Рашти Тоҷикистон ба дунё омадааст. Пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе дар Радиои Тоҷикистон ва маҷаллаи "Садои Шарқ" кор карда, дар Маскав сардабирии нашрияи "Паём"-ро дар ӯҳда дошт. Муаллифи чандин асари насрии бадеӣ мебошад, ки бархе аз онҳо ба забонҳои гуногун баргардонида шудаанд. Дар гузоришҳои худ на танҳо ба ахбори сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Русия тамаркуз мекард, балки ҳамчунин дар бораи вазъи муҳоҷирони тоҷик даҳҳо гузоришу барномаи муҳим омода ва пахш кардааст.
XS
SM
MD
LG