Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Кай Эйде аз тасмими парлумони Афғонистон


Раиси дафтари СММ дар Кобул Кай Эйде сарпечии парлумони Афғонистон аз тасдиқи бештари вазирони ҳукумати ҷадидро “шикасти ҷиддии сиёсӣ дар вазъияти сангин” номид. Ба гуфтаи ӯ, "дар ҳоле, ки Афғонистон барои пиёда сохтани ислоҳоти фаврӣ ба ҳукумати фаъол ниёз дорад, раисиҷумҳур Ҳомид Карзай бояд нерӯи худро барои интихоби номзадҳои нав сарф намояд".
Рӯзи шанбе парлумони Афғонистон аз 24 номзади пешбаришуда фақат 7 нафарро барои ҳукумати нави Афғонистон лоиқ донист. Аз вазирони собиқи ҳукумат Абдулраҳими Вардак дар мақоми вазири дифоъ пазируфта шуд. Вакилони парлумон ҳамчунин аз номзадии вазирони умури дохила, молия, фарҳанг, саноат, маорифу парвариш ва кишоварзӣ пуштибонӣ карданд.
Ба иттилоъи дафтари раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай рӯзҳои наздик феҳристи нави аъзои ҳукуматро ба парлумон пешниҳод хоҳад кард.
Кишварҳои ғарбӣ аз сарвари Афғонистон хостори ташкили ҳукумате шудаанд, ки ришвату фасодро дар кишвар аз беху бун барканад.
XS
SM
MD
LG