Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Британия дар Яман низ баста шуд


Ба думболи сафорати ИМА дар Яман сафорати Бритониё дар ин кишвар низ бар асари таҳдиди ҳамлаи террористӣ баста шуд. Дар як эъломия дар вебсайти сафорати Амрико гуфта шудааст, ки гурӯҳи “Ал-Қоида” дар нимҷазираи Арабистон таҳдиди ҳамла ба муассисаҳои амрикоӣ дар Яманро кардааст.
Ин гурӯҳ чанд рӯз пеш масъулияти ҳамлаи номуваффақ ба ҳавопаймои амрикоиро бар дӯш гирифт ва эълом дошт, ки аз ин роҳ мехост ба амалиёти густардаи нерӯҳои ҳукуматии Яман алайҳи ошӯбгарони “Ал-Қоида” посух гӯяд. Гуфта мешавад, ки дар ин амалиёт низомиёни амрикоӣ ҳам ширкат доранд. буд.
Рӯзи 25 декабр узви гурӯҳи “Ал-Қоида” дар нимҷазираи Арабистон Умар Фаррух Абдумуталлаб талош кард то дар ҳавопаймое, ки аз шаҳри Амстердами Ҳоланд ба Детройти ИМА парвоз мекард, маводи таркандаро мунфаҷир созад ва аммо мусофирон ва сарнишинҳои ҳавопаймо садди роҳаш шуданд.
Дар ҳамин ҳол ахиран ИМА ва Британия эълом доштанд, ки ба Яман, ба хотири тақвияти мубориза бо мусаллаҳони созмони “Ал-Қоида”, ки дар ҷануби ин кишвар мустақаранд, кумаки молӣ хоҳанд кард. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва нахуствазири Британия Гордон Браун дар мавриди сармоягузории нерӯҳои зиддитеррористии полиси Яман ва полиси дарёии кишвар, ки бо роҳзанҳо дар халиҷи Аден дар минтақаи миёни Яман ва Сомалӣ мубориза мебаранд, ба созиш расиданд. Дар мавриди ҳаҷми маблағи кумак алҳол иттилоъи дақиқ мавҷуд нест.
XS
SM
MD
LG