Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксари вазирони Карзай тасдиқ нашуданд


Парлумони Афғонистон аз 24 номзад ба ҳукумати ҷадид 17 нафар, аз ҷумла, як занро ба мақоми вазирӣ лоиқ надонист.

Миёни онҳое, ки вакилони парлумони Афғонистон аз тасдиқи онҳо сарпечӣ карданд, номзад ба мақоми вазири энерҷӣ Исмоилхон ва довталаби курсии вазири адлия Дониш Сарвар низ ҳастанд. Ҳушбону Ғазанфар, номзад ба мақоми вазири кор бо занон низ аз сӯи вакилони парлумон пуштибонӣ наёфт.

Ҳомид Карзай ба ҳайати ҳукумати нав 12 вазири собиқро шомил карда буд ва аммо парлумон фақат панҷ нафари онҳо, аз ҷумла, вазири дифоъ Абдул Раҳими Вардак, вазири умури дохила Ҳаниф Отмар ва вазири молия Умар Сакилволро дар мақомҳояшон пазируфт. Вакилони парлумон ҳамчунин аз номзадии вазирони фарҳанг, саноат, маорифу парвариш ва кишоварзӣ пуштибонӣ карданд.

Номзадии ҳар вазири ҳукумати нав алоҳида ба овоздиҳии пинҳонӣ гузошта шуда буд. Вакилони парлумон гуфтанд, феҳристи пешниҳодкардаи Карзай намоиш медиҳад, ки раисҷумҳур ба кобинаи вазирони пешин эътимод дорад ва аммо, аз нигоҳи онҳо, бояд ба ҳукумат афроди нав бо нерӯи нав шомил шаванд. Воҳид Мужда, сиёсатшиноси муқими Кобул мегӯяд, “мардуми оддии Афғонистон мехоҳанд дар ҳукумат афроди наву ба истилоҳ “покиза”ро бубинанд”. Ҳомид Карзай дар ҳоле дубора ба мақоми сарвари Афғонистон даст ёфт, ки ришвату фасод дар ниҳодҳои ҳукуматӣ жарф реша давонда буд ва кишварҳои ғарбии пуштибон аз ҳукумати марказии Кобул низ хостори аз беху бун баркандани фасод дар кишвар шуданд.

Вакилони парлумони Афғонистон Ҳомид Карзайро барои он ҳадафи танқид қарор доданд, ки ӯ номзадҳоро асосан аз рӯи мансубияташон ба қавм ва садоқаташон ба раисҷумҳур интихоб кардааст. Бештари коршиносони маҳаллӣ аз сӯи парлумон рад шудани номзадҳои пешбарикардаи Карзайро чун зарбаи ҷиддӣ ба раисиҷумҳур арзёбӣ кардаанд. Вале Воҳид Мужда мегӯяд, ин тасмими парлумон роҳи Карзайро барои ба ҳукумат шомил кардани афроди нав ва мутахассисони варзида ҳамвор месозад. Ба гуфтаи ӯ, “акнун Карзай метавонад ба ҷонибдораш бигӯяд, ки ман шуморо ба мақомҳои баланд пешбарӣ кардам ва аммо парлумон розӣ нашуд ва аз дасти ман дигар коре намеояд”.

Интизор мерафт, ки ҳукумати нав то шурӯъи конфаронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистон дар Лондон, яъне то рӯзи 28-уми январ, ташкил шавад. Ва аммо ба назар мерасад, ки курсии вазири умури хориҷа то ин нишаст холӣ боқӣ хоҳад монд.

Ҳанӯз маълум нест, ки Карзай рӯйхати нави номзадҳо ба кобинаи вазиронро кай ба парлумон пешбарӣ мекунад. Ва ин дар ҳолест, ки парлумони Афғонистон шурӯъ аз 5-уми январ барои 45 рӯз ба таътил меравад. Аҳмад Зиё Сиёҳмак, сухангӯи Карзай, изҳор намуд, ки “раисҷумҳур феҳристи нави вазирони ҳукуматро дар зудтарин фурсат омода хоҳад кард ва аммо ҳанӯз рушан нест, ки вакилони парлумон ба хотири баррасии дубораи ҳайати ҳукумат барои мавқуф гузоштани таътили худ розӣ мешаванд ё хайр”.
XS
SM
MD
LG