Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА ва Британия ба Яман кумаки молӣ хоҳанд кард


ИМА ва Британия ба Яман, ба хотири тақвияти мубориза бо мусаллаҳони созмони “Ал-Қоида”, ки дар ҷануби ин кишвар мустақаранд, кумаки молӣ хоҳанд кард. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва нахуствазири Британия Гордон Браун дар мавриди сармоягузории нерӯҳои зиддитеррористии полиси Яман ва полиси дарёии кишвар, ки бо роҳзанҳо дар халиҷи Аден дар минтақаи миёни Яман ва Сомалӣ мубориза мебаранд, ба созиш расиданд. Дар мавриди ҳаҷми маблағи кумак алҳол иттилоъи дақиқ мавҷуд нест. Обама ва Браун ҳамчунин мехоҳанд аз Созмони Милал дархости афзоиши нерӯҳои посдори сулҳ дар Сомалиро кунанд.
Ибтикори ахири ИМА ва Британия бо талоши тарконидани ҳавопаймои хатсайри миёни шаҳрҳои Амстердами Ҳоланд ба Детройти ИМА дар рӯзи 25 декабр бастагӣ дорад. Шаҳрванди Нигерия Умар Фаррух Абдумуталлаб талош кард то дар ин ҳавопаймо маводи таркандаро мунфаҷир созад ва аммо бо талоши мусофирон ва сарнишинҳои ҳавопаймо дастгир карда шуд.
XS
SM
MD
LG