Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харобкориҳои заминларза дар ноҳияи Ванҷ


Дар ноҳияи Ванҷи Бадахшони Кӯҳистон мушаххассозии ҳаҷми харобикориҳои заминларза идома дорад. Заминларзаи нерӯяш беш аз 5 балли дараҷаи Рихтер субҳи рӯзи шанбе ба вуқӯъ пайваст. Раиси дафтари ҳукумати ноҳияи Ванҷ Атобек Субадоров ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки, тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, офати табиӣ ба ноҳия ба маблағи яку ним миллион доллар хисорот ворид кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар деҳот 1050 манзили зист комилан хароб шудаанд. Дар маркази ноҳия бинои бемористони марказӣ, ду мактаби миёна ва чанд бинои маъмурӣ низ қисман ё пурра фурӯ рехтаанд ва таъмиру тармими онҳо ғайримумкин аст. Гуфта мешавад, ки корҳои наҷотбахшӣ ва мушаххассозии ҳаҷми харобкориҳои офати табиӣ идома дорад ва аз ин рӯ иттилоъ дар бораи паёмадҳои заминларза ҳар лаҳза тағйир меёбад. Ба иттилоъи комиссиюни вижа, ки айни ҳол дар пайи таъмини мардуми осебзада бо сарпаноҳи муваққат аст, дар баъзе деҳаҳо интиқоли нерӯи барқ ва робитаи телефонӣ қатъ шудааст. Аз сӯи дигар, сангрез ва сел роҳи миёни Ванҷ ва Душанбеву Хоруғро хароб кардааст, ки интиқоли маводи сӯхт ва озуқа ба минтақаи офати табииро душвортар месозад.
XS
SM
MD
LG