Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ванҷ: Дар интизории ёрӣ


Хонаводаҳои аз зилзила зарардида дар ноҳияи Ванҷ шаби нахустини пас аз заминларзаро дар хонаҳои қисман харобшуда, манзилҳои хешу табор ва ҳамсояҳо рӯз кардаанд.

Ба гуфти Манучеҳр, сокини 34-солаи ноҳияи Ванҷ, то ба ҳанӯз ба мардуми зарардида ягон кӯмак расонида шудааст. Манучеҳр мегӯяд, мардум бо таври ҳашар манзилҳои истиқоматии қисман харобшударо тоза карда, вориди хонаҳояшон мешаванд.

Дар деҳаи Ускроғ сокинон бо таври ҳашар роҳи мошингарди деҳа ба маркази ноҳияро бо каланду бел тоза доранд. Аммо, Шерафган ном сокини ҳамин деҳа, мегӯяд, барои тоза кардани роҳ техника даркор аст.

Субҳи дирӯз, 2-юми январ, заминларзаи шиддаташ 5,1 балл даҳҳо манзили истиқоматӣ дар ноҳияи Ванҷро хароб кард. Ба иттилоъи Юсуфҷон Исҳоқов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ванҷ, заминларза дар маркази ноҳия 10 манзили истиқоматӣ, як бинои дуошёнаи иборат аз 12 хона, биноҳои дармонгоҳи ноҳия, ду мактаби миёна ва нозироти андозро куллан хароб кард. Ба гуфтаи ҷаноби Исҳоқов, зилзила талафоти ҷонӣ ба бор наовардааст, аммо теъдоде аз чорвои мардум нобуд шудааст.

Раиси дафтари ҳукумати ноҳияи Ванҷ Атобек Субадоров ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, офати табиӣ ба ноҳия ба маблағи яку ним миллион доллар хисорот ворид кардааст. Ба гуфтаи ӯ, корҳои наҷотбахшӣ ва мушаххассозии ҳаҷми харобкориҳои офати табиӣ идома дорад ва аз ин рӯ иттилоъ дар бораи паёмадҳои заминларза ҳар лаҳза тағйир меёбад.

Ба иттилоъи комиссияи вижа, ки айни ҳол дар пайи таъмини мардуми осебзада бо сарпаноҳи муваққат аст, дар баъзе деҳаҳо интиқоли нерӯи барқ ва робитаи телефонӣ қатъ шудааст. Аз сӯи дигар, сангрез ва сел роҳи миёни Ванҷ ва Душанбеву Хоруғро хароб кардааст, ки интиқоли маводи сӯхт ва озуқа ба минтақаи офати табииро душвортар месозад.

Шаби аввалин пас аз заминларза низ дар ноҳияи зарардидаи Ванҷ ва мавзеъҳои наздик ба он замин ҷунбидааст. Ба гуфти сокинони ноҳия, шаби гузашта чаҳор маротиба заминҷунбии пайваста рух дода, ба тарси мардум аз зилзилаи харобиовари як шаби қаблаш боз ҳам афзудааст.

Моҳи марти соли гузашта як заминларзаи сахт дар ин ноҳия беш аз 160 манзилро хароб карда буд.
XS
SM
MD
LG