Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 11 полиси эронӣ дар набарде бо қочоқбарон


Дар як даргирӣ бо гурӯҳи қочоқбарони маводи мухадир 11 корманди полиси Эрон ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ, задухурд дар биёбон, тақрибан дар 500 километрии шарқи Теҳрон, баъди он ба вуқӯъ пайваст, ки кормандони полис талош карданд то корвони мошинҳои қочоқбаронро боздоранд.
Ин гуна даргириҳо дар манотиқи шарқии Эрон, ки тавассути онҳо маводи мухадири Афғонистону Покистон ба кишварҳои Халиҷи Форс интиқол меёбад, пайваста рӯх медиҳанд.
XS
SM
MD
LG